РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ШУЪБАИ ФАРҲАНГ” АЗ НАВ ИНТИХОБ ГАРДИД.

Восеъ: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Шуъбаи Фарҳанг”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Сараввал маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ ифтитоҳ намуда, дар назди ҳозирин оиди дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда ҳамагонро барои дар сатҳи олӣ таҷлил намудани 35-солагии ин ҷашни таърихӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намуданд.Сипас раиси ташкилоти ибтидоии болозикр ҳисоботи ҷамъбастии ташкилотро дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда  дар назди ҳозирин ироа намуд. Баъдан масъалаи аз нав интихоб намудани раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизбӣ баррасӣ гардид. Дар охир ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.