Фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Раёсати Молия” қаноатбахш ҳисобида шуд.

Восеъ: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Раёсати Молия”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни ташкилот маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.Зимнан раиси ташкилоти ибтидоӣ Олимов Ҳабибулло ҳисоботи ташкилотро “дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда” дар назди ҳозирин ироа намуда, иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти номбурда дар баробари иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои ташкилот доимо ба шахсони эҳтиёҷманду барҷомонда дасти мадад мерасонад. Аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуди “Маркази Ситора” кӯмаки яквақтаинаи моддӣ, дигар маводҳои хӯрокворӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ кӯмак расонидааст.Дар идома Олимов Ҳабибулло бо ҳамовозии аъзоён аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ таъин гардида, оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.