Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Нозироти Андоз”

Восеъ: Ҳисобот  

Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ тибқи тақвим бо маром идома доранд. Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Нозироти Андоз”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ маҷлиси мазкур баргузор гардид.Баъд аз шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Мираков Сӯҳроб, қайд гардид, ки андоз ин пардохти ҳатмӣ, ки онро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси муқаррароти Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи кишвар ба буҷети умумидавлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ворид менамоянд. Моҳияти иқтисодии андоз ин аст, ки давлат ба воситаи истифодаи ин фишанги иқтисодӣ як ҳиссаи муайяни даромади давлатро дар шакли марказонидашуда ҷамъоварӣ намуда, ба ин васила хазинаи давлатро ғанӣ мегардонад ва маблағҳои қисмати даромади буҷетро барои таъмини рушди иқтисоди миллии кишвар, бахусус соҳаҳои афзалиятноки миллии он, саҳмгирии зарурӣ дар амалӣ намудани вазифаҳои иҷтимоӣ, давлатӣ ва ғайра сарф менамояд. Нозироти Андози ноҳяи Восеъ низ сиёсати андозро бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ амалӣ мегардонад. Дар идомаи маҷлис бо дастгирии аксарияти аъзоён Мираков Сӯҳроб аз нав ҳамчун раиси ташкилоти ибтидоӣ таъин гардида, фаъолияти ташкилот дар давраи сипаригардида хуб арзёбӣ гардид.