МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ФИДОИЁНИ ВАТАН”

Восеъ: Ҳисобот  

Тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ва дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Фидоиёни Ватан” маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ доир гардид. Сараввал ҳисоботи раиси ташклоти ибтидоии “Фидоиёни Ватан” шунида шуд. Зимни ироаи ҳисоботи худ Асроров Маҳмадулло қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни фаъоли он дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбиву ноҳиявӣ фаъол буда, дар давраи ҳисоботӣ қариб, ки дар ҳамаи ҷорабиниҳо ширкат варзидаанд. Шумораи аъзоёни ташкилот дар давраи ҳисоботӣ ба 60 нафар расидаанд. Инчунин ташкилоти номбурда дар бисёр амалҳои хайр аз ҷумла дар кӯмак намудани аъзоёни эҳтиёҷманди худ бо маводҳои ғизоӣ ва пулӣ, инчунин дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми худро гузоштаанд.

Сипас аз рӯйи масъалаи баррасишуда бо ҷонибдории аъзои ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии “Фидоиёни Ватан” Асроров Маҳмадулло бори дигар интихоб шуд. Зимнан дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Фидоиёни Ватан” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар наҳияи Восеъ оид самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, тарбияи ватандӯстиии ҷавонон ва ҷалби онҳо барои хизмат дар Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавӣ бар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.