Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Дандонпизишк” ва “Ташаккули тарзи ҳаёти солим”

Восеъ: Ҳисобот  

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар ташкилотҳои ибтидоии “Дандонпизишк” ва “Ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и ноӽияи Восеъ бо иштироки мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Иботов Диловар ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Гулрухсор Мирзоева маҷлисӣ ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ сараввал ҳисоботӣ раиси ташкилоти ибтидоии  “Дандонпизишк” ва баъдан ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда шунида шуд. Баъдан масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида бо ҳамовозии аксарияти аъзоёни ташкилоти болозикр раисони ташкилотҳои ибтидоии номбурда аз нав интихоб гардиданд ва қарорҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қабул карда шуд. Дар идома масъулини ҳизбӣ суханронӣ намуда, оиди саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ташкилот тибқи Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоӣ, сари вақт ҷамъовари ва супоридани ҳаққи азогӣ, ҷалби шахсони арзанда ба сафи ҲХДТ ибрози андеша намуда, барои пеш аз мӯҳлат ҷамъбаст намудани нақшаи Обуна-2024 ба нашрияҳои ҳизбӣ ба аъзоёни ташкилот миннатдорӣ баён намуданд.