Фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи сипаригардида хуб арзёбӣ гардид

Восеъ: Ҳисобот  

Дар доираи нақшаи тасдиқгардида маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Восеъ бо маром ҷараён доранд. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтобак-Боғчаи №2”-и ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардида, раиси ташкилоти ибтидоӣ Аҳмадова Гулизор аз фаъолияти ташкилот “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда" ҳисобот пешниҳод намуд.Дар баргузори маҷлиси ҳисоботӣ масъулони Кумитаи иҷроия иштирок намуда, ҷиҳати ҷобоҷогузории ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоӣ, зиёд намудани сафи ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва шахсони арзанда, инчунин сидқан талош намудан барои тарбияи насли наврас ибрози ақида намуданд. Дар маҷлиси баргузоргардида фаъолияти ташкилот қаноатбахш ҳисобида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.