МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БОҒЧАИ №1”

Восеъ: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №1” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид. Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Додова Фирӯза шунида шуд. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар баромади худ вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дода, баҳри боз ҳам беҳтару хубтар намудани коргузории ташкилоти ибтидоӣ, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои муҳим изҳори андеша намуданд.Дар охир ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд ва Додова Фирӯза аз нав ҳамчун раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.