МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ 6 МОҲА ДАР КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 21-уми июли  соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2023-и  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш  баргузор  гардид.

Дар Маҷлиси ҷамъбастии мазкур раиси ноҳияи Вахш-Қурбоналӣ Юсупов, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Ватанзода Сабоҳат Ватан, мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон-Ғафурзода Рухсора, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои  давлатии ноҳия ва  намояндаи васоити ахбори омма (рӯзномаи ноҳиявии Вахш)  иштирок доштанд.

Дар маҷлиси ҷамъбастии  Кумита 3 масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

1.Ҷамъбасти натиҷаҳои  фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Вахш дар нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда.

2.Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳои кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва сохторҳои он барои нимсолаи дуюми соли 2023.

3.Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш .

4.Масъалаҳои ҷорӣ.

Сараввал раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ватанзода С.В. маҷлисро кушода эълон намуд. Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ватанзода С.В, аз натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар давоми шашмоҳи аввали  соли 2023 дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Дар рафти баррасии масъалаи дуюми маҷлис раиси Кумита баромад намуда, изҳор дошт, ки бо мақсади қавитар гардонидани робитаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва бо ин восита бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта  дар  сатҳи баланд ба иҷро расонидани нақшаи Обуна-2023 ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ҷаҳду талош хоҳанд кард. Вобаста ба масъалаи сеюми маҷлис Раиси Кумита баромад намуд.

Пас аз анҷоми ҳисобот, аъзои гурӯҳи вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳия  Мирзоев Сироҷиддин  баромад намуда, фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахшро қаноатбахш ҳисобид. Аз ин ҷо хулоса мебояд, ки тарзу услуби имрӯзаи кори ҳизбӣ такмил ва таҳкими василаиҳои идоракуниро талаб мекунад, то ин ки бо мардум боз ҳам наздиктар шуда, иқтидори зеҳнию амалии сохторҳои ҳизбӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои идеологи боз ҳам тақвият ёбад, дар ҳамқадами бо ҷомеаи муосир механизмҳои нав ва технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолият татбиқ гардад. Дар қисмати интиҳо як қатор фаъолони ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш сарфароз гардонида шуданд.