КӮДАКОН - ОЯНДАИ МО.

Дӯстӣ:  

Ҳар сол рӯзи якуми июн дар дунё  ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"  масъулияти мо калонсолонро баҳри  тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, дучанд намуда, барои  фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила ҳамеша талош варзем.
Мо кӯдаконро  бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди кӯдакон ҳамеша ҷой диҳем.
Бо мақсади дар сатҳи баланд  ҷашн гирифтани  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроия  ҲХДТ  дар ноҳияи Дӯстӣ  санаи 1 июни соли 2023 мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумита Олимов Иброҳим  аз вазъи муассисаи давлатии таълимии томактабии №1 ноҳияи Дӯстӣ  дидан намуда, тифлаконро бо ин  санаи муҳим  "Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон" табрику муборакбод  намуд. Бахшида ба ин санаи муҳим ба тифлакони муассисаи номбурда туҳфаҳои рамзӣ тақдим намуд.