АЗ ҲИСОБИ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН САФИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ МЕАФЗОЯД.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо баъди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизби аз он ҷумла "Маорифичиён" сафи аъзоён ҲХДТ рӯз то рӯз зиёд мегарданд.

Ин навбат як гурӯҳ омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ноҳияи Дӯстӣ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баҳри дохил шудан ба сафи ҲХДТ  ариза пешниҳод намуда буданд.
Имрӯз аз ҷониби Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Олимов Иброҳим  дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбиашон тақдим карда шуд.
Тавре медонем ҷавонони даврони истиқлолият имрӯз дар маҳаки фаъолияти ҲХДТ қарор доранд. Чунки нақши ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб баланд арзёбӣ мегардад.
Дар навбати худ омӯзгорони ҷавони ба сафи ҲХДТ дохилшуда иброз доштанд, ки мо дар сафи ҲХДТ буданро барои худ шараф меҳисобем.