АЁДАТИ САРБОЗОН БО КОРВОНИ КИТОБ АЗ ҶОНИБИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак:  

Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ кор дар самти тарбияи ватанпарастӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳисоб меравад. 

Тибқи банди 4-и нақшаи тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри шаҳри Норак ҳамчунин, вобаста ба захира ва таъмини китобҳои қисмҳои низомӣ бо адабиётҳои тозанашр, бадеӣ ва таърихӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисми ҳарбии 6593 Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норакбуда бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ  Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, барои содиқона ва софдилона адо намудани хизмат дар сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳ ба сарбозони қисми низомӣ, ки хизматро адо намуда истодаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуда, 50 адад китобҳои бадеию таърихӣ тақдим намуд.

Зимни супоридани китобҳо ба сарбозони қисми низомӣ таъкид гардид, ки маҳз китоб метавонад донишу малакаи инсонро қавӣ ва дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намояд.

Ҳамчунин, раиси кумита аз шароити  қисми низомӣ  дидан намуда, ҷиҳати тозаву ботартиб ва шароити мусоид барои сарбозон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Сарбозони қисми низомӣ дар нишаст бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Норак сӯҳбати самимӣ доир намуданд