Қуроқ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик

Вахш: Таҳлил  

Мудири бахши кор бор занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Ғуломова Рузигул аз коргоҳи дӯзандагии Холиқова Мавлуда дидан намуда, бо занону духтарони коргоҳи дӯзандагӣ суҳбат намуд.

Зимни суҳбат иброз дошт, ки занону духтарон дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа иқдомҳои созанда амалӣ карда мешавад. Таъмини иштироки фаъолонаи занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар меҳвару ҷавҳари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Қуроқ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, аз замонҳои қадим дӯхтани он маъмул мебошад. Дар ноҳияи Вахш ҳунармандон ба ин касб шавқ доранд. Мавлуда Холиқова низ яке аз зумраи чунин ҳунарманди зархарид аст. Пораҳои матоъро, ки дорои сифати баланданд, ба ҳам пайваста, барои дастархону кӯрпача, болишту ҷузвдонҳои ороишӣ истифода мебарад. Чунин амал аз сарфаву сариштакор будани занони тоҷик дарак медиҳад.

Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Он ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Боиси қаноатмандист, ки зебоӣ ва ҳунари қуроқдӯзӣ ҳаводорон ва харидорони зиёде дорад, хоса хориҷиён бо як дид шефтаи ин ҳунари воло мегарданд.

Қуроқдӯзӣ аз матоъпораи гуногун ҳунари баландро талаб мекунад. Агар ҳавасу шавқ бошад, барои ҳунарманд хеле осон аст. Мо набояд фарҳанги миллии худро фаромӯш созем.

Анъанаи густурдани кӯрпача ва дастархони қуроқ зеби хонаи тоҷикон аст ва аз нав эҳё гардидани он суннати фарҳанги мардуми тоҷик ба шумор меравад.

Ҷавонони замони истиқлол дар баробари илмомӯзӣ касберо ҳам бояд интихоб намоянд, ки дар оянда барои пешрафти зиндагӣ кӯмак кунад, он анъанаҳои гузаштаи сарфаву сариштакории занони ҳунармандро аз нав эҳёгар бошанд.

Имрӯз мо – ҳизбиён вазифадор ҳастем, ки таъриху фарҳанги миллии худро бештар аҳамият диҳем, чунки дар баъзе маврид ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ҷавонон бояд касберо интихоб намоянд, ки шавқманд бошанд ва дар оянда аз онҳо манфиат гиранд.

НАРХ-400с (ЧОР Кӯрпача,чор болишт)

ҲУНАРМАНД-Холиқова Мавлуда