ЧОРАБИНИИ НАВРӮЗӢ ДАР МТМУ №41

Ҷ.Балхӣ:  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Нарӯзи байналмилалӣ дар ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия дар МТМУ №41-и Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии идона бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид.

Зимни он ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, аз ҷониби таълимгирандагони ин муассиса чорабинии фарҳангӣ ва саҳначаҳо оид ба таърих ва пайдоиши ҷашни Наврӯз роҳандозӣ карда шуд.

Бояд қайд кард, ки Наврӯз зина ба зина иди дӯстдоштарини мардуми дунё гашт, зеро Наврӯзро маҳбубтарин ва писандидатарин ҷашни мардумӣ маҳсуб меёбад.

Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишварамон, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба эҳёи анъана, расму оин ва суннатҳои миллиамон равона шудааст, мо ҳамаи идҳои аҷдодию миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи дилафрӯзро бо ифтихор ҷашн мегирем.