Баргузории мизи мудаввар бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Иди Наврӯз

Вахш: Созандагони ватан  

Дар  раванди созандагиву ободкорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми хоса дошта, аъзои ин ҳизби мардумӣ ҳамчун нерӯи пешбаранда саҳми арзандаеро барои ободӣ ва гул-гулшукуфии кишвар мегузорад. Боиси зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Ин ташкилоти қудратманд тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳо, Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судмандеро ба роҳ мондааст.

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш  санаи  17-уми марти соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш мизи мудаввар таҳти унвони “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст” бахшида ба “Иди Наврӯз” баргузор гардид, ки дар он директорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш-Қосимов Ф ва масъулини Кумита иштирок намуданд.

Мақсади мизи мудаввар- ин тарбия дар руҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, таҳамулпазирӣ  мебошад. Сараввал Худойбердиева Ҳалима-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба сухан баромада чунин қайд намуд: Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. А

Инчунин Самадов М, Қудусов У, Бекназаров С доир ба пайдоиши Наврӯз суханҳои пурмазмун  гуфтанд.