Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем...

Ховалинг: Андеша  

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми феврали соли 1993 дар як вазъияти муташаниҷ, ки Тоҷикистон дар он давру замон давраҳои сахту сангинеро аз сар мегузаронид ташкил гардидааст, ки ватан дар гирдоби оташи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва вазъияти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа дар он аём хело нигароникунанда эсос мешуд.

Имрӯз низ Қувваҳои масалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як неруи қудрадманди низомӣ табдил ёфта баҳри ҳифзи кишвар хизмати содиқона ба ҷо меоранд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ албатта боиси сарфарозӣ ва сарбаландии ҳар як ҷавони ба камол расида мебошад.

Ҳамасола ҳаногоми даъвати наваскарон ба мушоҳида мерасад, ки шумораи зиёди ҷавонон ихтирёран ба хизматӣ аскарӣ мераванд ва волидони наваскаронро низ зимни сафарбар кардани онҳо аз нангу номуси ватандории фарзандонашон ҳарф зада, бо ҳисси баланди худшиносӣ ва хушҳолӣ фарзандони худро барои ҳимояи марзу буми кишвар ва адо намудани қарзи ҷавонмардӣ ва фарзанди роҳнамун месозанд.

Дар солҳои охир ҷараёни сафарбаршавии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбатан ба ҷанд соли пеш новобаста аз катом табақаи аҳоли буданашон сифатан хубтару беҳтар гаштааст.

Зеро шароити имрӯзаи қизмҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботҳои сатҳӣ банйналмилаӣ ба роҳ монда шудааст,  сафи ҷавононе, ки мехоҳанд ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раванд сол то сол зиёд гардида истодааст.

Инчунин таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд гардида ҳамасола ҳангоми сафари корияшон ба ноҳияҳои назди сарҳади ташриф оварданашон аввалан аз қисми низомӣ дидан намуда аз аҳволи хизмачиёни ҳарбӣ бохабар мешаванд.

Ҳамасола ҷавононе, ки мехоҳан ихтёран ба аскарӣ раван аз тарафи Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо онҳоро бо шаҳодатномаи ронадагӣ ва заминҳои назди ҳавлангӣ таъмин менаоянд

Имрӯз бо дили пур гуфта метавонем, ки ҷавонони мо дар ҳимояи марзу буми кишвари Сиҳибистиқлолу дорои Муқаддасотӣ миллӣ дошта, ҷони худро дареғ намедоранд ва ҳамеша омодаанд, ки  барои ҳимояи марзу буми кишварамон содиқона хизмат намоянд.

Бобоҷон Зоиров - сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг