ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТУ ВАТАНПАРВАРРО ТАРБИЯ МЕНАМОЕМ!

Ҳамадонӣ: Созандагони ватан  

Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и муассисаи таҳситоти миёнаи умумии  №2 мулоқот баргузор карда шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳия Самизода Ҷамшед қайд кард, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “Ҷавонон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумат ҷо гирифтаанд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст ва ҷавонон чун неруи созандаи кишвар ҳамеша талош меварзанд, ки бо матонату далерӣ, донишу заковат пирӯзию дастовард дар тамоми гӯшаву канори дунё парчамбардори асили ватани хеш бошанд.

Инчунин дарҷ гардид, ки дар солҳои охир дастрасии мардум ба хизматрасониҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд шуда истодааст, ки ин талаби замон ва воқиф шудан аз дилхоҳ хабару рӯйдодҳои дохилии мамлакат ва берун аз он аст. Аммо барои бархе аз истифодабарандагон, ин ҳамчун воситаи дилхушб ва вақтгузаронӣ ба ҳисоб меравад, ки ин нодуруст ва ғайримақсаднок истифода бурдани интернет мебошад. Гузашта аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ бо пешниҳоди аксу видеороликҳо ва маводҳои фаҳшу бозиҳои гуногун ҷавонону наврасонро ба худ алоқаманд месозад, ки ин ҳолат дар раванди илмомӯзӣ ва фикрониву ақлони онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ мо фаъолонро зарур аст, ки барои тарғиби фарҳанги истифодаи дурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бетараф набуда, барои дар роҳи рост тарбия намудани ҷавонон кӯшиш намоем.