ТҶҶ “Созандагони  Ватан” ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

Вахш: Созандагони ватан  

Тибқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш,  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” – КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Қосимов Фирдавс бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 56-и Ҷамоати шаҳраки “Вахш” –вохӯрӣ бо ҷавонони замони соҳибистиқлол оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Қосимов Ф. ва  мудири бахши ҷавонон-Шарифзода Сунатулло иштирок намуданд.

Сараввал Қосимов Ф. суханронӣ намуда, чунин қайд намуд: Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Чӣ тавре, ки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.

Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.

Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Сипас Сунатулло Шарифзода оид ба ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ суханронӣ карда, чунин иброз намуд: Имрӯз мо дар ҷаҳони муосир дар баробари пешрафти илму техника, тамаддунҳо ва дигар навгониҳо, шоҳиди равандҳои тундгаро мегардем, ки ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор намуда, онҳоро бехонумон мегардонанд. Хариду фурӯши одамон, савдои маводи мухадир, ташкили гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ, таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ба амал овардани таркишҳо дар шаҳрҳои калон, гаравгонгирии одамон, куштори аҳолӣ ҳамаи ин бо мақсади ноором сохтани ҳаёти одамон ва ба зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият роҳандозӣ карда мешавад. Имрӯз ҳамагон шоҳиданд, ки террористону экстремистон ба сари мардуми Сурия, Ироқ ва Афғонистон  чи  мусибатҳоеро  наоварданд. Мо ҳамарӯза шоҳиди таркишҳо ва куштори одамон дар ин ё он давлати ҷаҳон мегардем. Мардуми бегуноҳи ин давлатҳо, ки дар Ватани худ зиндагии осоишта ба сар мебурданд, маҷбуранд, ки хонаю дар ва моликияти шахсии худро партофта, барои ҳифзи ҷони худ тарки Ватан намоянд. Мусибати ба сари ин мардум омада онеро, ки худро инсони комил мешуморад, бетараф гузошта наметавонад. Зеро дар ин ҷангҳои хонумонсӯз пеш аз ҳама ҳазорон одамони бегуноҳ, занон, кӯдакон, пирони барҷомонда талаф меёбанд.