СУҲБАТУ ВОХУРИҲО БО НАМОЯНДАГОНИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН"

Ҳамадонӣ: Созандагони ватан  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 вохурии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" баргузор гардид.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарипов Р. қайд намуд, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат, Президенти Кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки "Ҷавонон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтаанд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст ва ҷавонон нерӯи созандаи кишвар мебошанд. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии ватан саҳм мегузоранд". Ҳамчунин таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза бояд ҷавонон ҳатман аз мактаби ҷавонмардӣ гузаранд, иқтидори мудофиавии кишвар босуръат баланд бардошта шавад.