ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Қубодиён:  

Вохӯрии гурӯҳӣ кори КИ ҲХДТ дар ноҳия Имрӯз 24 январи соли 2023, бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоӣ Дӯстии халқҳо бо иштироки раиси ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Воҳобиддин ва мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Мардонов Фирдавс вохӯрӣ доир гардид. Аз тарафи иштирокчиёни гурӯҳӣ корӣ, тамоми паҳлӯҳои Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани Паёми навбатии Президенти мамлакат дар кору пайкори худ ва рушди босуботи ноҳия саҳмгузор бошанд. Ҳамзамон дар вохӯрӣ, масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, пешгирии таваллуди хонагӣ, тарзи ҳаёти солим, дар рӯҳияи Ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи инчунин самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ баррасӣ гардиданд. Инчунин таъкид гардид, ки ҳангоми истифодабарии маводи сӯхт ба хусус ангиштсанг дар фасли сармо ва асбобҳои барқӣ эҳтиёкорона бошанд. Аз тарафи иштирокчиён дар фарҷоми вохӯрӣ, суолу пешниҳодҳо пешкаш гардида ба онҳо аз тарафи масъулин ҷавобҳои қаноатбахш гардонида шуда, пешниҳодҳо ба қайд гирифта шуданд