РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН

А.Ҷомӣ:  
“Мо дар симои ҷавонон созандагони Ватан ва давомдиҳандагони анъанаҳои неки миллатро мебинем”. Эмомалӣ Раҳмон
 
Имрӯз 5-уми декабри соли равон кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар МТМУ-и №62-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзоёни маҳфили "Волонтёрони ҳизбӣ" бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Раҷабалӣ Раҷабов зимни суханрониашон волонтёронро ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон табрик намуда, қайд намуданд, ки волонтёрӣ мактаби бузурги ташаккул ва далериву шуҷоат аст ва инсон дар он донишу малакаи худро сайқал медиҳад.
Волонтёрӣ дар замони муосир барои ҷавонон мактаби бардошти таҷрибаву имкониятҳо ба шумор меравад.
Маҳз фаъолияти волонтёрӣ дар ҳама самту соҳаҳо барои пурзӯр намудани кори соҳаҳо ва баланд бардоштани такмили дониши ҷавонон ва омодагии онҳо дар кори ҳамарӯза, инчунин барои пешбурди корҳои идеологӣ ва баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон хизмат менамояд.
Ҳамин тариқ, якчанд волонтёрони фаъол аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Насли ҷавони кишвар бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ дар масири ватандорӣ нақши бузург доранд.