28 – УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

Данғара: Андеша  

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон 9 – сентябри соли 1991 дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон фаъолияти ҳизби Коммунист завол ёфта, дар Ҷумҳурии навин ҳизбу ҳаракатҳои зиёде руйи кор омада, баҳри сари қудрат омадан  талошҳои зиёде мекарданд.

Дар ҳамон давраи ҳассос, ки таҷрибаи бисёрҳизбиро мардуми кишвар надоштанду моҳияти ҳизбро намефаҳманд, шахсони мансабталошон барои сари қудрат омадан, ҳизбҳои манфиатҷуёнашонро  ба монанди ҳизби Аграрӣ, ҳизби Социалистӣ, ҳизби Коммунистӣ, ҳизби Ислоҳоти иқтисодӣ, ҳизби Наҳзати ислом, ҳизби социал демократӣ ва ҳизби демократии Тоҷикистонро  таъсис дода, дар майдони муҳорибаҳои сиёсӣ ташвиқу тағриб мебурданд.

Аммо баъди таъсис додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 10 – декабри соли 1994 ва роҳбари он интихоб гардидани, Пешвои муаззами  миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони сиёсӣ мавқеи худро марҳила ба марҳила ин ҳизби ҷавони зодаи соҳибистиқлоли дар воқеъ ҳамчун як  ҳизби мададгор, ғамхор, пуштибон ва мушкилкӯшои халқ нишон дода таҳти шиори худ “Таъмини зиндагии шоиста ба мардум” кор ва фаъолият намуда истодааст.

Ҳамин иқдомҳои наҷиби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва берун аз он мешиносанд ва эътироф менамоянд. Дар воқеъин ҳизб ҳизби ғамхори халқу миллат буда, баҳри зиндагии шоистаи мардуми кишвар саъю талош варзида истодаанд, зеро ки сарварии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доранд.

Дар Оиннома ва барномаи он омадааст, ки танҳо барои некуаҳволии халқу миллаташ хизмат карда, дар ҳамаи самтҳои хоҷагии кишлоқи мамлакат саҳмгузор аст.Имрӯзҳо бо боварии то  гуфта метавонем, ки ягона ҳизбе, ки ғамхору ӯамгусори халқ аст, ин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Рӯзи 30 – ноябри соли 2022, дар Маҷлиси навбатии Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, ҳисобот даданд, ки имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни халқ шукӯҳу шуҳрати  хосае пайдо  кардаасту мададгори  мақомотҳои  иҷроияи шаҳру ноҳияҳо қумҳури мебошанд, зеро  ки ҳизбиён дар байни  мардум бештар вохӯри карда, мафҳум ва мундариҷаи қарору Қонунҳои ҳукуматро ба мардум мерасонанд.

Зиҳӣ эй ҳизби Пешвои миллат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон.

 

КАРИМЗОДА Пирмуҳаммад Авғон – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара