ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

«Соати сиёсӣ» аз ташаббусҳои ҷадиди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Деморкатии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон   мебошад, ки дар доираи амалиёти муштарак моҳе як маротиба дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, тариқи баргузории дарсҳои кушод ба роҳ монда мешавад. Дар доираи амалиёти мазкур сиёсатшиносону собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ  давоми як соат бо наврасону ҷавонон оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз суҳбат хоҳанд намуд.

Тибқи нақша «Соати сиёсӣ» дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон доир гардида, дар он сиёсатшиносон, олимону коршиносони масоили сиёсӣ, собиқадорон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба оид ба мавзӯъҳои мубрами ҷомеа ва вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон ва минтақа ибрози андеша хоҳанд намуд.
 

Санаи 26 –уми ноябри соли ҷорӣ  Амалиёти муштараки  «Соати сиёсӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардид, ки дар он  маърӯзачиён оид ба мавзӯъҳои “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи тоҷик”,  “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ – иқтисодии кишвар” ва “Тарбияи  ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.  Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки наврасону ҷавонон вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида таваҷҷуҳи хоса дошта, иштирок дар “Соати сиёсӣ”-ро омили ташаккули афкор ва донишҳои сиёсии худ мешуморанд.
 

Биноан, метавон гуфт, ки дар доираи ташкилу баргузории  “Дарси сиёсӣ” ҳадафҳои зерин амалӣ гардида истодаанд; Баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор ва инчунин, ҳавасмандгардонии шахсони дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот.
 

Тибқи мушоҳидаҳо  ташаббусҳои ҳизбии «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар сатҳи хуб баргузор гардида,  хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ  моҳияти ташаббуси ҳизбиро хуб дарк мекунанд ва ба хотири ободу зебо гардонидани муассисаҳои таҳсилкардаи худ саҳми муассир гузошта истодаанд. «Соати сиёсӣ» ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсӣ ва сатҳи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон нақши муасир гузошта, ҷавонон бо василаи муколама бо шахсиятҳои маъруф роҳи худро дар зиндагӣ интихоб менамоянд. Ҳамчунин, фаъолони ҳизб дар доираи дарсҳои кушоди «Соати сиёсӣ» аз миёни  ҷавонон намояндагони ояндаи ҳизбро интихоб менамоянд, ки ин ҳам яке аз ҳадафҳои роҳандозӣ гардидани «Соати сиёсӣ» дар муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ мегардад.
 

Мавриди зикр аст, ки дар ин рӯз ҳамчунин амалиёти «Мактаби ман» низ баргузор гардид,  ки дар он  хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ, бори дигар ба мактаби таҳсилкардаи худ ҳозир шуда, бо омӯзгорон суҳбату вохӯриҳои хотирмон доир намуданд. Зимни суҳбат масоили ҳалталаби муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардида, хатмкардаҳои мактабҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии мактаб ва рушди соҳаи маориф омодагии худро изҳор доштанд.
Тибқи иттилоъ, дар доираи амалиётҳои мазкур то имрӯз аз ҷониби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  барои сохтмону азнавсозӣ ва лавозимоти дарсӣ дар ҳаҷми 13 миллион сомонӣ  кумак расонида шудааст.
Амалиёти «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман» ҳафтаи охири ҳар моҳ дар тамоми муассисаҳои ҳудуди вилояти  Хатлон доир мегардад  ва ин ташаббусҳои ҳизбӣ  миёни сокинон  ҳамовозии зиёд пайдо карда истодааст.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти
КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон