АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ”

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи мукаддаси шаҳрванд аст. (Моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) 
Мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ барои ҳар як миллату қавмҳо хеле азиз буда, мазмуни хеле амиқ доранд. Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон аст. Вақте мо калимаи Ватанро ба забон меорем, Модар пеши назар меояд  зеро агар модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда бошад, Ватан ба сарамон  дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғӯш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳост.
Мо бояд аз мактаби наслҳои  калонсол сабақи ватандорию бунёдкориҳо омўзем. Дӯстию рафоқат, ҳамкорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсиву ҳусни тадбир, ватандўстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандўзиву худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошанд.
"Хизмат ба Ватан шараф аст",-таҳти ҳамин унвон аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аксияи ҳизбӣ баргузор карда шуда, варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон тақсим карда шуданд.