Терроризм манфуртарин падида дар олам!

Вахш: Вокуниш  

 

 

Вокуниш: Солҳои охир тамоми ҷомеаи ҷаҳониро авҷ гирифтани зуҳуротҳои нав ба монанди экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Экстремизм ҷинояте мебошанд, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохти конститутсионӣ, низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат равона карда шудааст. Ҷинояти мазкур хавфнокии баланди ҷамъиятӣ дорад.

Терроризм дар олами муосир манфуртарин падидаест, ки дар он ҳадафи олӣ, ин амалӣ гаштани манфиатҳо бо истифодаи амалҳои зиддиинсонӣ мебошад. Аз амалҳои террористӣ имрӯз афроди бегуноҳ қурбон гардида, давлатҳои обод ба харобазор табдил меёбанд. Неруҳои террористӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, геополитикӣ, иқтисодӣ ва идеологии худ аз тамоми омилҳо, аз ҷумла таҳдид, зӯрӣ, фишороварӣ истифода мебаранд. Амалҳои террористӣ дар нисбати ин ва ё он фард, гурӯҳи одамон институтҳои ҳокимияти давлатӣ ва ё низоми идоранамоӣ сафарбар карда мешаванд.

Аз амалҳои террористӣ талафотҳои ҷониро дар сайёра ҳар рӯз метавон мушоҳида намуд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муборизаҳо алайҳи терроризм чандон қонеъкунанада нест. Зеро, баъзе аз давлатҳо дар рушди ин падидаи номатлуб мусоидат намуда, амалҳои террористиро воситаи амалӣ гаштани ҳадафҳои сиёсии худ қарор медиҳанд. Чунин тарзи амал натиҷаи манфӣ дошта, оқибат терроризм ба ташаббускорони худ зарбаи ҷонкоҳ хоҳад зад. Терроризм дар шаклҳои мухталиф зуҳур намуда, ҳар як навъи он ба амнияти ҷомеа таҳдид мекунад. Аз амалҳои террористӣ неруҳои гуногун баҳри расидан ба ҳадафҳои худ ғайриоқилона истифода мебаранд. Мубориза баҳри расидан ба ҳадафҳои худ метавонад оқилона, одилона ва бо назардошти арзишҳои олии инсонӣ бе талафоти ҷонию молӣ амалӣ гардад. Вале, мутаассифона дар ҷаҳони андешаи баъзе аз афрод ҷаҳолат ҳукмрон аст, на маърифат.

Ҳамин тариқ, омилҳои таҳдидкунанда ба ҳаёти инсоният рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш қарор дошта, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон сохтаааст. Дар бартараф намудани таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ на танҳо кишварҳои олам ва ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ, балки ҳар як сокини сайёра бояд мусоидат намояд. Зеро таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ин мушкилоти умумисаёравӣ ва умумибашарӣ маҳсуб гардида, ҳалли он барои инсоният воҷиб мебошад.

 

Мудири бахши кор бо занони                                                                                   КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                              Ғуломова Р