МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲА ДАР ТИ ҲИЗБИИ “ДЕҲАИ ДӮСТӢ-1”

Вахш:  

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида 24-уми апрели соли 2024 маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизби “Деҳаи Дӯсти -1”-и Ҷ/д Рӯдакӣ - и ноҳияи Вахш баргузор гардид. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби, оид ба фаъолияти семоҳаи ташкилот ҳисобот пешниҳод намуд, ки давоми семоҳи соли ҷори аъзоёни ташкилоти ибтидои фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ ба роҳ монда, як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд ва дар оянда низ кӯшиш менамоянд, ки дар иҷрои нақшаҳои дар пешистода ба муносибати 30-солагии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хуб нишондода бо дастовардҳои назаррас ин санаҳои муҳими таърихии кишварро таҷлил намоянд.

Инчунин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Раҳматуллозода Д., суханронӣ намуда, ҳисоботи семоҳаи ташкилоти мазкурро қаноатбахш ҳисобида ба аъзоёни ташкилоти мазкур дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ - ро расониданд, инчунин барои ҷалби сифатноки аъзои ҳизб корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд.

 

 

        Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.