ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИ ДАР ПАРТАВИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Вахш:  

Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз тарафи намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа, аҳолӣ, омӯзгорон, ҷавонон ва намояндагони иттиҳодияҳои динӣ дар ТИ “Ваҳдат” – и ҷ.д Ваҳдати  ноҳияи Вахш баргузор гардид. Дар рафти вохӯри масъулин дар масъалаи баланд бардоштани савияи дониши диниву дунявии аҳоли, хурофотпарастӣ, роҳ надодан ба фарҳанги бегона, сару либосҳои миллӣ, шомил нагардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои радикаливу тундрав ва муҳаё намудани шароити зарури барои фарзандон дар масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои замонавӣ ибрози андеша намуда, бо ҷамъомадагон суҳбати самимона доир намуданд.

  Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.