ВОХӮРӢ ДАР МАСЪАЛАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВИЯИ ДОНИШИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛИИ КИШВАР

Вахш:  

Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ фаҳмонида додани моҳияти қонунҳо, санадҳои меъёри ҳуқуқӣ тамоми масъулини Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияҳои вилотҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомтҳои худидоракунии шаҳраку деҳот муаввазаф гардидаанд, ки дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ гурӯҳҳои кори салоҳиятнок таъсис дода шуда, бо мардум аз наздик сӯҳбату вохӯриҳои судманд доир намоянд. Баргузории сӯҳбату вохӯриҳо аз як тараф барои баланд бардоштани савия, дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намояд, аз тарафи дигар мардуми қаторӣ имконият пайдо намудааст, ки бо намояндагони мақомот аз наздик сӯҳбат намуда, вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ҷавобҳои саҳеҳ ва қаноатбахши худро дастрас намоянд.

Дар ин замина дар асоси нақша чорабиниҳои таҳрези намуда, вохӯрии гурӯҳи кори таҳти раёсати раиси Суди ноҳияи Вахш, Муминзода Ҳ., бо аҳли ҷамоатчигии ҷ.д 20-солагии Истиқлолият дар масъалаи баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии аҳоли ва пешгири намудан аз дастзадан ба қонун шиканиҳо вохӯри доир намуданд.

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.