СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ БАРОИ ОМӮЗГОРОН

Вахш:  

Дар шароити имрӯзаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи иҷтимоӣ оид ба ташкили кори мақсадноки ташаккули омодагии касбии кадрҳои педагогӣ ва сатҳи фарҳангии шахсияти омӯзгорони ҷавон ба миён омадааст. Дар ҳуҷҷатҳои меъёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба маориф», «Консепсияи миллии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таҳсилоти олӣ ва касбии баъдидонишгоҳӣ» ва ғайра зарурати омодасозии мутахассисоне, ки қобили инкишофи бефосилаи касбӣ, зудамалӣ, дорои малакаву донишҳои рақобатпазиранд, ҳамеша аз тарафи Пешвои муаззами миллат таъкид карда мешавад. Дар ин замина бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар асоси нақша чорабиниҳои таҳрези намудаи ТИ “Маорифчиён” семинари омӯзиши оиди Қонуну, Консепсияҳо ва Стратегияҳои соҳаи маориф байни омӯзгорон баргузор карда шуд.

  Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.