Муттаҳидӣ зери ливои сулҳу дӯстӣ маҳаки асосии ҳама муваффақиятҳост.

Ш.Шоҳин: Андеша  

Раванди таҳаввулоти ҷаҳонишавӣ имрӯз як падидаи муосир маҳсуб ёфта, мусаллам аст, ки ин зуҳуроти пешрафтаи аср дар фаъолияти давлатдории минбаъда ҳатман таъсиргузор аст. Метавон гуфт, ки дастрасии озодии инсон ба истифодаи техникаю технологияи муосири интишори маълумот яке аз падидаҳои умдаи раванди ҷаҳонишавӣ маҳсуб ёфта, барои тамоми  сокинони сайёра интишори озоди маълумотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ фароҳам сохтааст.

Мутаассифона дар баробари мукаммал гардонидани андешаи сокинон баъзе аз падидаҳои номатлуби истифодаи шабакаи ҷаҳонии интернет ба раванди пешрафту татбиқи арзишҳои фарҳангию сиёсии давлатҳои сайёра таъсиргузор хоҳад буд, ки дар пасманзари интишори андешаҳо метавон мафкурраи ҷамъиятиро талқин ба бадбинию хушунат раҳнамун кард.

Дар ҳошияи ин гуфтаҳо метавон ёдовар шуд, ки имрӯз бо истифода аз фазои маҷозӣ барои таъсиргузор будан ба андешаи сокинон дар мавриди дигаргунсозии ҳаёти ҷамъиятӣ, ки як бахши умдаи мухолифини сарсахти давлат дар хориҷ аз мамлакат муборизаҳои ғоявӣ ва ҷалбсозии сокинони бурунмарзӣ, бахусус ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба мафкуррасозию ақидашӯӣ рӯз ба рӯз шаклу усулҳои навро ба худ касб мекунад.

Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон сари мушкилоти муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз мамлакат ҳеҷ гоҳ бепарво набуду нест ва дар ин масъала сохторҳои марбута дар  доираи қавоини байналмилалӣ ҳамеша кору фаъолият мекунанд, вале камранг нишон додани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин масир муайян месозад, ки ин табор азхудрафтагон ҳадафашон на обрӯи миллат, балки худнамоишдиҳию бадномсозии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонист.

Бинобар ин шароити ҳассос ва назаргузориҳои мухолифини давлат ва миллат моро водор мекунад, ки дар мавриди ҳамкории доимӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ бепарвою бетараф набошем ва кӯшиш кунем, ки бо онҳо равобити мустаҳкам дошта бошем. Мусаллам аст, ки аксари онҳо ҳамчун рӯзирасон барои кору фаъолият ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ва истифодаи ғалати онҳо аз ҷониби гуруҳҳои манфиатхоҳ ба зарари ҷомеаи мо хоҳад буд. Ҳамкории мутақобила бо муҳоҷирон як бахши умдаи фаъолияти ҳар як шахси ватандӯсту миллатдӯст бояд бошад, ки мо дар ин масир ба иродаи мардуми шарифи кишварамон эътимоду боварӣ дорем.

Хосанат ироа гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пазируфта шудани масъалагузориҳои ин шахсияти олами сиёсат аз ҷониби кулли шаҳрвандони Ватани азизамон башорат аз рушди минбаъдаи хоҷагии халқи мамалакат ва дастгирӣ аз ин сиёсат аст, ки кишвари моро бидуни ҳама бадгӯию туҳматҳо дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам пешрафтаю сокинонро ба зиндагии арзанда наздиктар месозад.

Мо ҳамагон имрӯзҳо ба хотири оянда обод мекунем ва сарҷамъ будан зери ливои сулҳу дӯстӣ ва муттаҳидӣ атрофи сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маҳаки асосии ҳама муваффақиятҳост. Дар ин ҷода ба ҳамагон ҳисси баланди миллию давлатӣ таманно дорем ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо дастгирӣ аз сиёсати имрӯзаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ барои ояндаи дурахшони мамлакат кӯшишу ғайрат менамоянд.

        

                                                              Мавзуна Сунатуллоева - мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин