Сафсатагӯиҳои хоинонро ҳамагон дарк кардаанд!

Ш.Шоҳин: Вокуниш  

Ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» бо роҳбарии М.Кабирӣ ҳамеша дар фикри нооромсозии давлат ва миллат буд ва мемонад. Зеро аз ҳар як мушкилоти андак ҳангома барпо карда, бо сафедро сиёҳ нишон додан одат кардааст.

Бадбахтона аҳли паймони ғайримиллӣ сари ҳар ҳафта аз номи пурифтихори миллат сӯйистифода карда ба қавле худро миллатдӯсту ватандӯст нишон доданӣ ҳастанд. Миллатеро, ки як умр ҷабри зулмати онҳоро дар худ  таҳаммул кардаю беҳтарин шахсиятҳояшро бо шарофати сиёсатбозии онҳо аз даст дод. Иқтисодиёташро садсолаҳо ақиб партофтаю дар симои ҳамватанон душман тарошида, мардумро ба маҳалҳою минтақаҳо ҷудо сохт.

Биёед ба таърихи «ташаккул»-и ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом, ки айни ҳол ҳамагон зери чатри  ба ном паймони миллӣ пинҳон шудаву «демократияи исломӣ»-ро ба «демократияи ғарбӣ» иваз сохтаанд, назар андозем. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо назардошти эътиқоди динии мардум ва бунёди давлати исломӣ бо дастгирию сармоягузории давлатҳои бо ном дӯст  анбӯҳи мардумро ба майдонҳо кашида, хуни ҳазорҳо  ҳамватанони бегуноҳро рехтанд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебоист онҳо ба зиндагии осоишта бармегаштанд, вале таърих собит кард, ки барои ба ҳадаф расидан нақшаи сиёсии худро каме айёрона дигар кардаанду ҳамоно дар фикри амалисозии мақсадҳои пӯсидаашон ҷон коҳонданд. Ва оқибаташро тамоми ҳамватанон соли 2015 бармало эҳсос карданд, ки аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ҳамоно дар фикри ғасби ҳокимият ҳастанд ва барои тағйири ҳокимияти конститутсионӣ ҳатто истифодаи зурӣ ва қатлу кушторро инкор намекунанд.

Баъди пахши «инқилоб»-и нобарори соли 2015 аксари тарафдорону ҳаводорони ташкилоти террористию экстремистии  ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳар роҳу восита кишварро тарк сохтанд, зеро медонистанд, ки тамоми аъмоли хоинонаи онҳоро миллат барвақт дарк кардааст. Чун инқилоб дар дохили кишвар бебарор анҷом ёфт, имрӯз истифодаи қувваи муҳоҷирони меҳнатиро яке аз роҳҳои афзалиятноки ба қудрат расидан медонанд ва ҳатто аз онҳо даъват мекунанд, ки барои рӯзгузаронии аҳли паймони ғайримиллӣ маблағгузорӣ намоянд.

Умуман ягон усули муборизаи сиёсии «аҳли паймон» натиҷа надод. Ҳарчанд ин тоифа роҳгумзадаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадс мезананд, ҳамон қадар мардум аз сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар пуштибонӣ карда атрофи сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ мегарданд. Ва, воқеан фикри ботил ҳамеша мағлуб аст ва бо сиёсатбозии яктарафаю ғаразнок миёни аҳли ҷомеа наметавон нуфуз пайдо кард. Бо ин рафтору кирдор ва сиёсатбозии яктарафа «оғо»-и Кабирию дигар аҳли «паймон» обрӯи набудаи худро аз хокистар ба боди фано бурданд.

Миллат қаҳрамонҳо ва сиёсатмадорони худро, ки барои ободию пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум ҷаҳду талош меварзанд ба хубӣ мешиносад. Сафсатагӯию шӯронидани мардум барои инқилоб, «аз хоби гарон» хестанҳо дигар қабули ҷомеаи мадании мо нест. Бояд инро донист, ки зури беҳуда дар муқобили иродаи сиёсии халқу миллат миён мешиканад.

 

                                                                            КИ ҲХДТ дар Ш. Шоҳин