АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ аз ҷумла Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар сатҳи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва ҷалби васеи  аъзоёну кормандон ва сокинонро дар ҳашарҳои умумӣ  бобати сазовор истиқбол намудан аз 30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулини ҳизбӣ пайваста чораандешӣ намуда истодааст.

Дар таърихи 25-уми апрели соли равон дар баробари дигар аъзоёну кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳия аъзоёну кормандони ташкилоти ибтидоии “Коммуналӣ” ба ҳашар баромада,  дар қад-қади шоҳроҳи байналмилалие, ки аз маркази шаҳрак мегузарад, корҳои ободониву хуррамгардониро ба роҳ монданд. Роҳравҳо аз партовҳо поккорӣ намуда, дарахтони сояафкан шинониданд.