Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

Ш.Шоҳин: Андеша  

Дар  асоси хабарҳо кишвари мо Тоҷикистон дуввумин давлати дунё дар масъалаи амнияти шаҳрвандон эътироф гардид. Аниқтараш пажуҳиши Маркази таҳлилии амрикоии GaIIup дар миёни 142 давлати дунё назарсанҷи доир намуда ба натиҷаи ниҳоӣ расид, ки баъди давлати Сингапур кишвари мо дар  сайёра аз назари амнияти шаҳрвандон хеле пешрафта ва аҳолӣ ҳангоми зиндагӣ ва кору фаъолият дар дилхоҳ лаҳзаҳо эҳсоси нороҳатӣ намекунанд. Ин нишондод баёнгари он аст, ки  мардуми бумӣ ба фаъолияти сохторҳои зидахли ва бо онҳо ҳамеша барои пойдории сулҳу субот ва оромиши ҷомеа ҳамкории мутақобила хоҳанд дошт.

Воқеан, Тоҷикистон дар доираи талаботи риояи стандартҳои давлатдории байналхалқӣ тамоми меъёру санадҳое, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд, риоя мекунад ва дар як вақт барои таҳкими пояҳои давлатдории муосир дар доираи арзишҳои  умумимиллӣ ҳамеша  саъю талош хоҳад дошт.  Мусаллам аст,ки тамоми ҷонбозиҳои фарзандони ин миллат, ки шаҳди талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро чашидаанд, танҳо ба хотири оромию осоиштагии кишвар ва рушди  бемайлони Ватани азизамон аст. Чунин баҳогузории маркази таҳлилии амрикоӣ дар мавриди амнтарин кишвари дунё эътироф шудани Тоҷикистон мушти обдоре хоҳад буд ба сару рӯи баъзе аз доираҳои ҳангомаҷу ва бадгӯёни миллат, ки ба хотири молу сарват фақат дар фикри сафедро сиёҳ гуфтану бадном кардани давлату миллати мо афтодаанд.

Ин руйдод пирӯзии ҳар як ҳамватани мост, ки сари давлатдорию давлатсозӣ андешаи солиму муваффақ дорад.  Ва метавон гуфт, ки Тоҷикистон тайи 28 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи худро хеле мустаҳкум ва шинохти воқеии чеҳраи миллатро ба тамоми сокинони сайёра ба таври хеле чашмрас шиносонд. Собит шуд, ки тоҷик дар сайёра миллати саҳлу содда нест, миллатест, ки ба оламиён тамаддуну пешрафт додааст ва алорағми ҳама бадгӯию бадхӯӣ метавонад имрӯз ҳам дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии сайёраи замин нақши хеле бориз дошта бошад.

Биноан бо ибрози қаноатмандӣ ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон суханҳои таърихии Пешвои миллатро рӯи коғаз оварда мегӯем: Тоҷикистон ба пеш! Ба пеш! Ба пеш!

Оре, фарзандони ватансози  ин марзу бум барои рушду пешрафти ин сарзамини биҳиштосо ҳамеша пайи кору пайкоранд ва то он вақте, ки қалб метапад барои пешрафту шинохти Тоҷикистон сазовор хизмат хоҳанд кард.

 

Мавзуна Сунатуллоева - мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин