Пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм!

Ш.Шоҳин: Созандагони ватан  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи супориши мақомотҳои болоии ҳизбӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия амалиёти муштарак байни мактабу маориф, алалхусус дар байни хонандагони синфҳои болоӣ хониши сиёсӣ баргузор менамоянд.

Зимни хонишҳои сиёсӣ ва суҳбату вохуриҳо дар байни насли наврасу ҷавонон аз рӯи мавзӯҳои муҳим: “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар доир карда мешавад.

Ҳангоми баргузории хонишҳои сиёсӣ масъулин вобаста ба мавзӯҳои болозикр, бахусус ҳолати печидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пасманзари муборизаҳои сиёсии кишварҳои муқтадир, пешгирию мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, рӯ овардан ба илмомӯзию касбу кор ибрози андеша намуда онҳоро ба тарғибу ташвиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, эҳтирому ифтихор аз хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.

 

Суратгузориш аз рафти баргузории хониши сиёсӣ: