ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР

Ш.Шоҳин:  

 Дар баробари дигар самтҳои рушдкардаи соҳаҳои хоҷагидорӣ соҳаи чорводорӣ ва кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятноки хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб рафта,  рӯз аз рӯз бо истифода аз технологияи муосир рушд намуда истодааст.

    Хоҷагидорони ноҳия баҳри рушди соҳаи чорводорӣ, истифода аз технологияи муосир ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли шир ва гушт тарзи тайёр намудани хӯроки серғизо аз маҳсулотҳои ғалладонагиро ба роҳ монданд.

    Усули ба роҳ мондаи хоҷагидорон дар як навбат бо ғизои серғизо таъмин намудани чорво бошад, дар навбати дигар бинобар сабаби нарасидани заминҳои чарогоҳ ва дар шароити хона нигоҳубини чорво мебошад.

 

 Суратгузориш аз ҷараёни тайёр намудани ғизои чорво: