ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”.

Ш.Шоҳин:  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, аз ҷумла  мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона”, бобати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, мусоидат дар корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонии диёр, мусоидати сокинон дар таъмини сафарбарии ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар   сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дигар масъалаҳои муҳими рӯзмарра масъулини ҳизбӣ  дар ҳамоҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил намуда, пайваста корҳои оммафаҳмониро ба роҳ монда истодааст.

Дар таърихи 11-уми апрели соли равон масъулини ҳизбӣ  дар маҳаллаи Синои маркази шаҳрак корҳҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда, сокинонро бори дигар аз пайомадҳои нохушояндаи вазъи  ҷаҳони муосир ва таҳдиду хатари он ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон огоҳ намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро таъкид намуданд. Инчунин бобати  истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ҳолу аҳволи вазъи зиндагии  сокинон аз наздик ошноӣ пайдо намуда, ба онҳо тавсияҳои судманд доданд.

                                                           

     Суратгузориш аз ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона”: