Ҳасанова Нигора Худоёровна – Муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

Ҳасанова Нигора Худоёровна санаи 25 октябри соли 1985 дар кӯчаи Зебунисо-и ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ дароилави хизматчӣ таваллуд шудааст. Таҳсили илмро дар мактаби миёнаи №1- и ноҳияи Панҷ гирифтааст. Соли 2003 ба бахши рӯзонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос соли 2008 бомуваффақият  хатм намудааст.

      Фаъолияти меҳнатии Ҳасанова Нигора аз соли 2008 дар нозироти андози ноҳияи Панҷ дар вазифаи муҳосиби шуъбаи баҳисобгирӣ оғоз намуда, он ҷо то соли 2009 фаъолият намудааст.

      Солҳои 2010-2017 дар Филиали ҶСК «Агроинвестбонк»-и ноҳияи Панҷ дар вазифаи мутахассиси интиқоли маблағҳо кор кардааст.

      Аз моҳи майи соли 2018 то моҳи декбри соли 2019 мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ, аз моҳи январи соли 2020 муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ кор мекунад. Оиладор соҳиби 1 фарзанд.

   18 ноябри соли 2019 Конференсияи 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Панҷ номзадии ӯро ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, дар ҳавази №4 пешбарӣ намудаанд.