Аксияи тозагӣ дар ташкилоти ибтидоии “Варзишгоҳ"

Панҷ:  

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гушаи диёр бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ноҳия пайваста аксияҳои тозагии дастаҷаъмона гузаронида мешавад. Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Варзишгоҳ” як қатор кормандони ин ташкилот ба тоза намудани гирду атрофи коргоҳи худ машғул буданд. Дар ин кори хайр  кормандони Кумитаи иҷроияи  ноҳия фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи корхона  ва бехи дарахтони атрофи онро  рубу чин ва нарм карданд.