Ифротгароӣ яке аз шароити мураккаби ҷаҳони муосир

Панҷ: Вокуниш  

 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки навобаста аз тадбирҳои муассири дар самти мубориза бо ифротгароӣ андешидашуда, ҳоло низ бетарафӣ миёни сокинон ба мушоҳида мерасад ва норасоии мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносӣ низ як навъ мушкилиро дар роҳи муборизаҳои ҳамешагӣ ва муттасил эҷод мекунад. Тибқи сарчашмаҳо, имрӯзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ чунин мушкилоти усули дар мубориза алайҳи ифротгароӣ мавҷуданд, ки роҳи ҳалли худро тақозо доранд:

   Норасоии мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносӣ имрӯзҳо ба таври ҷиддӣ миёни шаҳрвандони кишвар ба назар мерасад, ки ҳалли ин масъала баҳри бароварда кардани эҳтиёҷи онҳо ниҳоят муҳим мебошад. Зеро яке аз роҳҳои дигари пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ифротгароӣ ин таъсиси марказҳои машваратӣ барои шаҳрвандон дар кишвар буда, таҳлилҳо муайян намудааст, сокинон бештар ба хизматрасониҳои ҳуқуқиву равонӣ (психологӣ) ниёз доранд;

         Таваҷҷуҳи махсус равона намудан ба тарбияи кӯдакону наврасон дар мактаб ва оила. Аксари мушкилоти имрӯзаи ҷомеа аз нокифоя будани тарбия сар мезанад. Асри иттилоот ва ҷаҳонишавӣ иқдомҳои комилан дигар ва муосирро дар тарбияи наврасон рӯйи даст гирифтанро талаб мекунад. Мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносонро зарур аст, ки чунин усулро таҳия кунанд. Дар самти педагогика ва равоншиносӣ омухтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта аз аҳамият холӣ нест;

         Ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин таваҷҷуҳи махсус ба худи ҳозирин равона карда шавад, то дар он шахсони «осебпазир» низ ҳузур дошта бошанд. Аксар ҳолат фаъолон ҷамъ мешаванд, ки барои онҳо ин масъала актуалӣ нест. Кушиш ба харҷ дода шавад, ки дохили толор «нав» карда шавад. Аз назари илми равоншиносӣ ба назар гирифтани вижагии иштирокчиён низ аз аҳамият холӣ нест, зеро кори маърифатӣ нишонрас мешавад;

         Идома додани иқдомҳо дар самти рушди ҳунарҳои миллӣ ва умуман ҳунармандӣ низ аз аҳамият холӣ нест, зеро ҷавононро бо шуғл таъмин намудан, мутамарказии зеҳниро ба вуҷуд меорад ва бештар амалгаро мекунад. Ҳунарманд нони худро меёбад. Ба ҳайси «неруи нарм»-и ватанӣ дар дарозмуддат метавонад баромад кунад. Дар ин самт рушди варзиши «шоҳмот» низ муҳим буда, зеҳнияти ҷавонону наврасонро қавӣ карда, барои ташаккули қишри зиёии техникӣ низ мусоидат мекунад ва аз ҳама муҳим барои ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таъсири нек мерасонад.

         Барои боло бурдани эътимоди шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ТВ ё радиои маҳаллӣ доранд, мулоқоти мустақими раисони шаҳру ноҳияҳо гузаронида шавад. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандон мушкилоти худро гӯянд ва роҳҳои ҳалли он чустуҷӯ шавад. Аз чунин маърака мешавад як қадами ҷиддии политтехнологӣ ба вуҷуд овард.

          Яке аз роҳҳои дигари пешгирии ифротгароӣ ва паст намудани сатҳи он таъсири ҷонибҳои манфиатдор ба афкори ҷамъиятӣ ниҳоят муҳим аст. Бинобар ин, лозим аст, ки иқдомҳои амалӣ барои таъмини адолати иҷтимоӣ дар кишвар роҳандозӣ карда шавад.

         Хулоса, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир баҳри ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ назди ҷавонон вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳмияти бузургеро доро мебошанд. Бахусус, аз даст надодани зиракии сиёсӣ зарур аст, ки аз ҷониби Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад. Барои насли ҷавон ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, боло гузоштани арзишҳои миллӣ аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ бояд нуктаи меҳварӣ бошад.

Мақсадов Насим  - Муовини раис, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ