Файзизода Каримҷон Нозил – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

Файзизода Каримҷон Нозил 16 майи соли 1962 дар ҷамоатидеҳоти «Нури Ваҳдат»-и ноҳияи Панҷ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаи пурраро дар мактаби миёнаи №21-и ноҳияи Панҷ гирифтааст. Соли 1979 ба бахши рӯзонаи факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1983 бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1983 то соли 1987 ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №13-и ноҳия оғоз гардидааст.

      Солҳои 1987-1988 дар вазифаи ҷонишини директории мактаби миёнаи №13-и ноҳияи Панҷ, солҳои 1989 то соли 1990 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷикии мактаби миёнаи №10, солҳои 1990-1993 омӯзгори  омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №13, солҳои 1993-1995 омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №21 ва баъдан ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии ҳамин мактаб шуда кор кардааст. Аз соли 1995 то соли 2005 дар вазифаи муовини раиси Ҳукумати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ кору фаъолият намудааст.

Соли 2005 ба вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ таъин гардида то соли 2007 адои вазифа намудааст. Соли 2007 то соли 2009  омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Панҷ, солҳои 2009 то 2013 директори литсейи давлатии ноҳияи Панҷ, солҳои 2013 то 2018 директори гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ адои вазифа намудааст.

      Аз моҳи феврали соли 2018 то инҷониб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ фаъолиятнамуда истодааст. Оиладор соҳиби 5 фарзанд.

        18 ноябри соли 2019 Конференсияи 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Панҷ номзадии ӯро ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, дар ҳавази №2 пешбарӣ намудаанд.