Корупсия суиистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсии худ

Панҷ: Вокуниш  

Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи муваффақона амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Вай рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, аз кӯдакон умедро ба оянда кашида мегирад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз некӯаҳволие, ки ба онҳо тибқи ҳуқуқҳояшон мансуб аст, маҳрум месозад.

Мафҳуми «коррупсия» (аз лот.corruptio - вайрон кардан, харида гирифтан) дар ибтидо амалҳои ашхосеро, ки ҳадафашон вайрон сохтан, халал расонидан ба рафти мӯътадили мурофиаи судӣ ё раванди идоракунӣ ба корҳои ҷомеа буд, ифода мекард. Минбаъд зери мафҳуми «коррупсия» харидани шахсони мансабдор, фурӯхташавандагии амалдорон, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсиро мефаҳмидагӣ шуданд.

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар таърихи тамаддун якчанд ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Ба андешаи бисёр олимон, нишонаҳои аввалинро дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то давраи мо), ҳамчунин дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст, ки яке аз бандҳояш, масалан, чунин аст: «Агар одам амволи худо ё қасрро дуздида бошад, ин одам бояд кушта шавад; ҳамчунин оне, ки аз дасти вай чизи дуздиро гирифт, бояд кушта шавад» (ин ҷо сухан дар бораи тороҷи мансабй, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсӣ ва аз худ кардани амволи дар натиҷаи ҷинояти коррупсионӣ ба даст овардашуда меравад). Дар сарчашмаҳои Юнон ва Рими қадим низ коррупсия хотиррасон мешавад. Масалан, дар ёдгории ҳуқуқии Рим Таблисаи 1Х.З. Авл. Гелия, Шабҳои аттикй, XX, 17 омадааст: «Наход ту қарори судро дар хусуси додани ҳукми катл ба он судя ва миёнрав, ки барои баррасии парванда таъин шуда буданду оид ба ин кор ришваи пулӣ гирифтанашон фош шуд, бераҳмона шуморӣ?»

Динҳои ҷаҳонӣ низ коррупсияро маҳкум карда, аз ҷумла паёмбари ислом Муҳаммад (с) фармудаанд: “Ришвагиранда, ришвадиҳанда ва миёнарави байни ҳарду дар оташи дӯзаханд”. Дар чои дигар Паёмбари ислом ин ашхосро сазовори лаънати Худованд хондааст.

Дар асрҳои миёна мафҳуми «коррупсия» боз ҳам васеътар паҳн мешавад. Арбоби намоёни сиёсии он замон Никколо Макиавелли коррупсияро ба беморие шабоҳат додааст, ки дар ибтидо фаҳмиданаш душвору табобаташ осон ва дертар аллакай фаҳмиданаш осону табобаташ қариб имконнопазир аст.

Дар ҷаҳони имрӯза дар санадҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд, ки нисбатан серистеъмолашон дар айни замон чунин таърифи пешниҳодкардаи Конгресси нӯҳуми СММ мебошад.

Коррупсия сӯиистифода аз хокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 чунин таърифи коррупсияро додааст:

Коррупсия - ин кирдори (ҳаракат ё бехаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлати ваколатдор ё ба онҳо баробаркардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо максади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои модди ва ғайримодди, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятхо бо мақсади моилкуни ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракати) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд.

Моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

Кирдорҳои коррупсионӣ (ҳаракат ё беҳаракатӣ) аз дигар кирдорҳо бо он фарқ мекунанд, ки: а) онҳо аз ҷониби амалдорони давлатӣ, ҳамчунин ашхоси вазифаҳои роҳбарии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои коллективиро базиммадошта содир мегарданд (рохбарони корхонаҳои инфиродӣ ва оилавӣ субъектҳои коррупсия маҳсуб намешаванд ва дар ин корхонаҳо маҳдудиятҳои хидмати якҷояи хешовандон пахн намешаванд); б) аз ҷониби ашхоси зикршуда барои расидан ба мақсад салоҳиятҳои хидматии онҳо ё имкониятҳои ба онҳо алоқаманд истифода мешаванд; в) мақсади ин амалҳо гирифтани фоидаи шахсӣ (барои худ ва нафари сеюм) мебошад.

Кирдорҳо танҳо дар сурати мавҷудияти аломатҳои дар боло зикршуда коррупсия эътироф мегарданд. Масалан, нозири андоз дар рафти тафтиш пинҳон кардани андозро ошкор намуда, рищва мегираду аз ин вайронкорӣ чашм мепӯшад, муфаттиш аз одами айбдоршаванда пул мегираду ғайриқонунӣ парвандаи ӯро катъ месозад, роҳбари муассиса бо вуҷуди мавҷудияги дигар номзадҳои арзанда хеши худро ба кор қабул мекунад.

Кирдорҳое, ки дар онҳо ҳатто яке аз аломатҳои нишондодашуда нестанд, коррупсия маҳсуб намешаванд. Моҳияти коррупсияро дар муқоиса бо дигар зуҳуроти монанд ё умумӣ, ки ба онҳо аз ҷумла гирифтани пораро мансуб медонанд, беҳтар муайян кардан мумкин аст.

Ҳақназарова Мавзуна – мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.