НАҚШИ ПАДАР-ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТ.

Панҷ: Андеша  

Бинобар ҳаёти пурталотуми корӣ падар як навъ водор шудааст, ки тарбияи фарзандро бапуррагӣ ба ӯҳдаи модар вогузорад. Чунин муносибат ба раванди тарбияи кӯдак қабулнопазир буда, метавонад бо худ паёмадҳои манфиро низ ба бор орад. Зеро нақши падар дар раванди тарбия ҳамчун нақши модар муҳим аст.

Вақте падар дар баробари рафтори мушфиқона ҳамчунин аз нуфузи шахсӣ ва ҳайбати ба худ хосро ба кор мебарад, кӯдак бинобар меъёрҳои солими ҷисмониву равонӣ рушд мекунад. Зеро “нуфузи падар” дар раванди тарбияи фарзанд ҳамчун намунаи ибрат ӯро аз “каҷравӣ” эмин нигоҳ дошта метавонад.

Бинобар таҳқиқоти равоншиносон писароне, ки дар оила аз тарбияи солими падар маҳрум гаштаанд ва ё бе падар ба воя расидаанд, бештар одат ва рафторҳои занона касб намуда, ҳамчун шахсияти ғайрифаъол рушди иҷтимоияшон ноқис монда, ҳамчунин ба ҷинояткорӣ моилтар мешаванд.

Падари бофарҳанг ва “мард”-и хонавода таҷрибаи зиёди ҳаётӣ дошта, барои фарзандаш ба сони хазинаи бебаҳо хизмат карда метавонад. Бахусус барои бештар гардонидани маърифати кӯдак оид ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ нақши падари оиларо нодида гирифтан хатои маҳз аст. Гузашта аз ин бинобар муносибат ва лаҳни гуфтори падар ба модари хонавода кӯдак доир ба нозукияту аҳамияти ҷинсият ва шахсияти худ бештар меомӯзад.

Ҳамчунин равоншиносон қайд мекунанд, кӯдаконе, ки дар хурдсолӣ аз тарбия ва муносибати мушфиқонаи падари хеш маҳрум набуданд, дар пиронсолии падарашон ӯро ғамхорӣ мекунанд. Илова ба ин, ҳангоми дар оянда падар шудан, чунин кӯдакон нисбати фарзандони худ низ ҳамон гуна самимона рафтор мекунанд.

Маҳмадова Лайло – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ