ДАР  РӮҲИЯИ  ВАТАНДӮСТИВУ  ХЕШТАНШИНОСӢ  ТАРБИЯ НАМУДАНИ  ҶАВОНОН

Панҷ: Андеша  

Гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии он ба оламиён бошанд.

Қисми зиёди аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлати ҷумҳурии соҳибистиқлол мебошанд. Дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии ҷумҳурӣ, инчунин, дар сафҳои Артиши миллӣ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият мекунанд ва дар пешрафти иқтисоди миллӣ ҳиссаи намоёни худро мегузоранд. Ҷавонони тоҷик дар ҷумҳури ва берун аз он дар риштаҳои гуногун таҳсил намуда, дорои маълумотҳои гуногуни касби шуда, барои ҷумҳурии соҳибистиқлоли ҷавонамон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Сарвари давлат, Пешвои миллат ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имкониятҳои васеъ ба вуҷуд овардаанд. Ҷавонони соҳибистиқлоли моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо таоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ саъю кӯшиш намоянд. Онҳо бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд. Онҳо бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сазамин, марзу бум ва ҷумҳурии соҳибистиқлоламон гарданд.

Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимуллайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд. Дар тӯли садсолаҳо хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо барои халқи худ ва тамаддуни башар хизматҳои зиёди таърихиро ба анҷом расонидаанд. Дар баробари омӯзиши саҳифаҳои арзишманди таърихӣ аҷдоди номдорамон имрӯз диққат додан ба омилҳое, ки онҳоро ба пирӯзию сарбаландӣ расонидаанд, амри зарурӣ мебошад.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҳифзи асолати миллиро бо дарназардошти воқеияти ҷаҳони муосир ва пеш аз ҳама, таъсири  раванди ҷаҳонишавӣ дар радифи вазифаҳои асосии фаъолияти сиёсии худ қарор дода, маҷмӯи иқдомотеро ба сомон расонид, то андешаву фарҳанг ва одобу суннати зиндагӣ ба маҷрои мувофиқ ба манфиат ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон равона карда шавад.

Дар ин росто таҷдид ва такмили низоми таълиму тарбия аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва вазифаи муҳимтарини сиёсати давлатӣ эълон гадид.

 Маҳмадова Лайло – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ