Терроризмро маҳкум менамоем

Панҷ: Вокуниш  

 

Кишвари офтобруяи мо –Тоҷикистони азиз 32 сол дар осмони соф ва бесадои  тиру туфанг рушд меёбанд. Мардумаш аз пайи обод кардану созандагист ҳаминаст, ки сол то сол  кишвар ободу зебо, сатҳи зиндагии мардум хуб мегардад. Ба ҳар як шаҳрванд аён аст, ки чи қадар  иншоотҳоибузургу пуриқтидор  роҳҳои васею мумфарши аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ дошта ба истифода дода шудаанд. Инҳо нахуст меваҳои даврони Истиқлолиятанд. Агар пешравии ҳамин хел идома ёбад, яқинаст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои  абадқудрат ҷои худро меёбад.

         Мутаасифона аз оинаи нилгун ҷавононеро нишон медиҳанд, ки қавиҷусса  ва паҳлавонсуратанд, ба қавле агар кӯҳро зананд, талқон мешавад, вале ин давраи пурҷушу хуруши ҷавониро ин қувваи бо зуру ба ҷойи ба хизмати халқу Ватан сар карда ба харобкори одамравои, қатлу ғорат ва дигар амалҳои зишт равона менамояд. Ин хел ҷавонон ба шаъни миллати овозадору соҳибмаърифати мо – тоҷикон иснот меорад, номи халқу давлати хешро паст мезанад.

       Маҳмадова Гулноз – Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.