Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Панҷ

Панҷ:  

 

Имрӯз, 27-уми марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ  вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир вобаста ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин   доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Раҷабзода Мизроб, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Файзизода Каримҷон Нозил, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизби, ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо ва эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъа иштирок доштанд.

Вакили мазкур Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони динро  шарҳу тавзеҳ доданд.

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.