ИЛМУ ДОНИШ-СИПАРЕСТ ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БО    ҶАҲОЛАТУ ХУРОФОТ.

Панҷ: Андеша  

     Ташаккули низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия ва сиёсати ҳамгироёнаи кишварҳои ҷаҳон бар пояи боварӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои якдигар ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии мамлакатҳо асос ёфтааст. Низоми кунунии ҷаҳон бо аз як тараф нигоҳ кардан мукаммал ва бенуқсон менамояд. Ба таври умум гуфтан мумкин аст, ки бо риояи ҳамаи талаботҳои қонун ва иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ аз ҷониби аҳолӣ низоми ҷомеа ҳеҷ вақт халалдор намегардад ва давлатҳо бо суръати босубот ба сӯйи тараққиёт ҳаракат мекунанд.

Мутаассифона имрӯзҳо дар баробари ташаккули низоми муносибатҳои байналмилалӣ, эҳё ва ногусастанӣ шудани робитаҳои тиҷоративу фарҳангии мамлакатҳои ҷаҳон, ҳамчунин миёни аҳолӣ зуҳуроти номатлубе низ пайдо шуда, паҳн гашта истодаанд, ки оромии давлату ҷомеаи ҷаҳонро халалдор месозанд. Дар замони муосир яке аз омилҳои асосие, ки ба суботу оромии умумиро халалдор месозад, ин хурофотпарастиву ҷаҳолат мебошад.

Вожаи хурофот сарчашмаи худро аз калимаи арабии хурофа гирифта, ақида ва фикрҳои пучу беасосро шарҳ медиҳад. Яъне хурофот ақида ва ё мафҳумҳое аст, ки заминаи онро иттилооти бардурӯғ, бар пояи нафрату адоват асосёфта ва барқасд бофташуда, ки ҳаргиз ба воқеият наздикие надоранд, ташкил медиҳад. Мутаассифона хурофот имрӯз ба дараҷае дар ҷомеа реша паҳн кардааст ва парда ба рӯйи баъзе ҳақиқатҳо кашидааст, ки барои инсонҳо фарқгузорӣ миёни ҳақиқату дурӯғ мушкилӣ ба вуҷуд овардааст.

Дар чунин ҳолат хурофотро ба кирме шабоҳат додан мумкин аст, ки дарахти бузургу пурқудрат ва серҳосилро аз дарун хӯрдаву ба нобудӣ мерасонад. Хурофотпарастӣ аз ҷоҳилӣ ва нодонӣ сарчашма гирифта, ниҳояти онро ифротгароӣ ташкил медиҳад. Дар ҷомеаи муосир хурофотпарастӣ бештар бар пояи ақидаҳои диниву мазҳабӣ ва урфу одатҳои гуногуни миллӣ доман паҳн намуда, боис ба баҳсҳои беасос ва бенатиҷа гаштааст. Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир хурофоти беасос ва ҷаҳолат ба талафотҳои бузург сабаб гаштааст, ки ҷуброннопазир мебошад.                  

Таъмини ташаккул ва рушду инкишофи илму техника агар аз як тараф воситаи таъмини зиндагии босаодати сокинони кишвар бошад, аз тарафи дигар ба кам гаштани вақти холии ҷавонон ва пешгирии амалҳои номатлуб аз ҷониби онҳо ҳисса мегузорад. Таҳлилҳои вазъи кунунии ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва дар минтақа нишон медиҳад, ки зиёда аз 80 дарсади ҷавононе, ки ба ҷинояткорӣ даст мезананд, дорои маълумоти кифоя нестанд. Пас бо итминон метавон гуфт, ки илмомӯзӣ метавонад, яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти мазкур бошад.

Маҳмадова Лайло – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ