Табиати Тоҷикистон хеле қашангу назаррабо

Панҷ: Андеша  

 

Ҳамаи мавҷудоти зинда бо табиат вобастагии қавӣ доранд. Аз ҷумла, мо - инсонҳо бо табиат робитаи зич дошта, тавассути ҳавои тоза, ки мавҷуди табиат аст, нафаси роҳат кашида, бо истифодаи мавҷудоти он ҳаёт ба сар мебарем. Табиати Тоҷикистон хеле қашангу назаррабо буда, биҳишти рӯи заминро мемонад ва зебогии онро солҳо васф намоем, аммо кам аст. Тоҷикистон бо табиати дилнишин, обҳои поку мусаффо, осмони кабуди беғубор, дарахтону растаниҳои ҳамешасабзу фоиданок, гулҳои шукуфон ва олами ҳайвоноти нодир  рангину дилфиреб аст. Бояд гуфт, ки қисми зиёди ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо иҳота кардаанд, ки бо сарватҳои табиӣ бой буда, барои рангин гузаштани зиндагӣ мусоидат мекунанд.

Боду ҳавои тоза барои саломатӣ аҳамияти калон дорад. Хушбахтона, осмони Тоҷикистон софу беғубор мебошад. Гулу гиёҳҳо, ки дар табиати диёрамон фаровонанд, ҳамчун воситаи шифо истифода мешаванд. Ҳайвоноту растаниҳои нодири кишварамон ба Китоби Сурх дароварда шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки қарзи ҳар як фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки доимо сарвати табиатро муҳофизат карда, дар ободии Ватан ҳиссаи худро гузоранд. Табиати Тоҷикистон, ки як гӯшаи биҳишт аст, ки дар айни ҳар як фасли сол зебогии ба худ хосро дошта, ба инсон руҳу равони солим ва неруву қувват мебахшад. Хусусан, дар фасли баҳор саросари диёрамон сабзу гулпӯш гашта, бӯи хуши гулҳои баҳорӣ ба машоми инсон расида, ӯро болидаруҳу дилгарм месозад. Паррандагон ҳам табиати зебои баҳорро писандида, ба кишвари мо меоянд ва фазои Тоҷикистонро бо ҳастии худ зебогиву назаррабоӣ мебахшанд. Деҳқонҳо ба кишту кор машғул шуда, барои халқ меваю сабзавотҳои тару тозаро дастрас мегардонанд. Дар тобистон бошад, ҳама ҷо гулу гулзор гашта, меваю сабзавотҳои дармонбахш пухта расида, дастархони мардумро оро медиҳанд. Дар тирамоҳи тиллоӣ боз ҳам табиат рангин гардида, боғҳоро дарахтони зарнисор ороиш медиҳанд. Оҳиста борони тирамоҳро барфи зимистон иваз карда,табиат ҷомаи сафед ба бар мегирад.

Барои мо-сокинони ин диёри биҳиштосо танҳо табиати Ватанамон азизу бемисол аст. Дар кадом гӯшаи дунёе, ки қарор надошта бошем, боз ҳам қалбамон ба табиати Тоҷикистон кашол аст. Зеро табиат дӯсту ҳамдами инсон буда, ба ҳар дарди ӯ дармон мебахшад. Зебоии табиат бо садои булбул, шаршараҳои зебо, дарёҳои калон дили ҳар як хурду бузургро шефта мегардонад. Тавре ки мо медонем, сайёҳони кишварҳои хориҷӣ низ аз табиати зебои диёрамон огаҳӣ дошта, аз ҳар гӯшаҳои олам ба тамошои он омада, иқлим, кӯҳҳо, наботот ва ҳайвоноти кишварро меомӯзанд ва орзу ҳам мекунанд, ки чунин табиати форам ва дилкашро доро бошанд. Хулоса, табиати Тоҷикистон биҳиштосо буда, мисли оҳанрабо касро ба оғӯши худ мекашад. Гуфтан муҳим аст, ки мо инсонҳо бояд ҳамеша аз табиати хеш ҳифз намуда, нагузорем, ки он маҳв гардад, зеро ки ин қарзи шаҳрвандии мост.

 

Маҳмадова Гулноз – Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.