Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятист

Панҷ: Вокуниш  

Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то давраи мо), дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Оид ба ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Точикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд. Аз нигоҳи луѓавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинӣ «corruptio», ки бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад. Дар Кодекси рафтори шахсони мансабдори мақомотҳои тартиботи ҷамъиятиро таъминкунанда (соли 1978) қайд шудааст, ки мафҳуми коррупсияро қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар мекунад. Инчунин дар яке аз ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (минбаъд СММ) оид ба мубориза бо коррупсияи байналхалқӣ қайд шудааст, ки коррупсия ин сўйистеъмол аз ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ѓаразнок ба манфиати шахсӣ аз тарафи шахси мансабдор аст. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.

Агар садди роҳи инро нагиранд коррупсия ба проблемаи ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда мубаддал гашта, дар натиҷа иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва самаранокии фишангҳои давлатии идоракунӣ коҳиш меёбад, ки ин ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ, бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ, оварда мерасонад. Маблағҳои буҷетӣ самаранок истифода бурда намешаванд, бахусус ҳангоми тақсимоти давлатии қарзҳо ва фармоишҳо, хариди мол ва хизматрасониҳо, ки дар ниҳояти кор проблемаҳои буҷавии кишварро афзун менамояд. Нархҳои фурӯши чакана ва яклухт аз ҳисоби хароҷотҳои иловагии коррупсионӣ, яъне санҷишҳои назоратии беасос гарон мегарданд, ки ин ба бадшавии ҳолати моддии истеъмолкунандагон, иқлими сармоягузорӣ ва пастравии истеҳсолот сабаб шуда, ба болоравии сатҳи камбизоатии қисми зиёди аҳолӣ мусоидат намуда, ба тақсимоти дороиҳо ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад. Инчунин дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон дар назди ҷинояткорӣ ва мақомоти давлатӣ ташаккул меёбад, ки ин ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мегардад.

Ҳақназарова Мавзуна – мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.