Аксияи ниҳолшинони

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва дар асоси барқияи телефонӣ аз 06 марти соли 2024, №1/2-08 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бо баргузории аксияи ҳизбӣ зери унвони "ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор" имрӯз 14 марти соли 2024 дар ташкилоти  ибтидои ҳизбии “Роҳсоз” аксияи ниҳолшинони бо ишҳтироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода  Каримҷон доир гардид.

Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар тамоми ҳудуди ноҳия бо ҷалби аъзоёни ҳизб, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва дигар кормандони ташкилоту идораҳо шанбеги ташкил ва баргузор намоянд.