Аксияи "Гулшинонӣ ва ниҳолшинонӣ"

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Касбомӯз" КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи ташкилот аксияи "Гулшинонӣ ва ниҳолшинонӣ" баргузор гардид.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ”Касбомӯз” дар ҳамбастагӣ бо омӯзгорон ва  хонандагон бо меҳнати софдилона гулҳои зебову ороишӣ ва ниҳолҳои ҳамешабзро, ки тавваҷӯҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд, шинониданд. Инчунин зери дарахтонро нарм намуда, гирду атрофро ободу зебо гардониданд.