83138 2-40-07

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ва бо ҷалби соҳибкорону сокинони деҳаи Чортут корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои байнидеҳавиро аз ҷумла сангфаршкуниро тариқи ҳашари дастаҷамъона роҳандозӣ намуданд. Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем.

Дар деҳаи навбунёди Чортути шаҳри Норак зери роҳбарии муовини раиси шаҳр Маҳмадизода Хайриддин, ъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар маҳал корҳои бунёдкорӣ бо вусъат идома дорад.

Дар ин радиф 300м қубурҳои обтақсимкунии маҳалӣ бунёд кардашуда, инчунин дар нақша гирифта шудааст, ки роҳи маҳаллаи навбунёд пурра сангфарш ва бетонпӯш карда мешавад.

Ин амали созандагиву бунёдкории сокинони деҳаи мазкур, ки роҳҳои байнидеҳавиро сангфаршу сементпӯш намуда истодаанд, боиси хушҳолии хурду калон гардида ва намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.